Зимистони омадаистода пиронсолонро ду хатар интизор аст: COVID-19 ва зуком. Чӣ бояд кард?

Таъсири сироятёбии ҳамзамон аз зуком ва COVID-19 дар айни замон ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст, аммо возеҳ аст, ки имсол пешгирии зуком беш аз пеш муҳимтар аст. Тавре Хадамоти ахбори СММ иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Дафтари минтақавии Аврупоии СУТ эълом доштааст ва тамоми сокинони минтақаро хотиррасон намудааст, ки роҳи муассиртарини муҳофизат аз зуком эмгузаронӣ мебошад, аммо имсол, бо дарназардошти уфунати коронавирус, эмкунии зидди зуком бояд дар шароити комилан бехатар сурат бигирад.
«Дар мавсими кунунӣ таъмини шароити бехатар ҳангоми эмкунии зидди зуком — бисёр вазифаи муҳим аст», — иброз дошт Ричард Пебоди, сардори шуъбаи патогенҳои ниҳоят хатарноки Дафтари Аврупоии СУТ.
Вай таъкид кард, ки кишварҳо метавонанд стратегияҳои мухталиф истифода намоянд, масалан, ташкили эмгузаронӣ дар мошин: ронанда ҳангоми убур аз назди бунгоҳи тиббӣ дасташро аз тирезаи мошин дароз мекунад, бо ваксина эм мешавад ва ҳаракати худро идома медиҳад. Усули дигари эмгузаронӣ- ин ташкили клиникаҳои сайёр, хусусан дар деҳот мебошад. Аммо дар чунин ҳолатҳо нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ дар байни одамоне, ки барои эмгузаронӣ дар навбат истодаанд, хеле муҳим аст. Инчунин табибон хотиррасон мекунанд, ки ҳангоми ба эмгузаронӣ рафтан пӯшидани ниқоб ва бо худ гирифтани маҳлули поккунандаро набояд фаромӯш кард.
Дар минтақаи Аврупо СУТ тавсия медиҳад, ки кишварҳо, хусусан кишварҳои дорои имконоти маҳдуди моддӣ, дар қадами аввал кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолонро эм намоянд. Чунки эмкунии зидди зуком на танҳо худи кормандони соҳаи тандурустӣ, балки оилаҳо ва беморонашонро низ муҳофизат мекунад. Эмкунӣ инчунин эҳтимоли бо сабаби беморӣ ба кор ҳозир нашудани онҳоро коҳиш медиҳад ва ин кор дар шароити пандемия, ки кори хадамоти тандурустӣ бисёр зиёд аст, хеле муҳим аст.
Чизе, ки ба пиронсолон дахл дорад, ин аст, ки зимистони омадаистода онҳоро ду хатар интизор аст: COVID-19 ва зуком — бемориҳое, ки одамони синнашон аз 65 боло онҳоро бо душворӣ мегузаронанд.
Инчунин тавре ки СУТ таъкид мекунад, эмкунии занони ҳомила, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва кӯдакони то панҷсола бисёр муҳим аст.
5 октябр дар минтақаи аврупоии СУТ маъракаи огоҳсозии аҳолӣ оид ба хатари зуком ва чораҳои муҳофизат аз он оғоз ёфт.
Мутахассисони СУТ зикр карданд, ки эпидемияҳои зуком зуҳуроти маъмулии мавсимӣ мебошанд ва соли 2020 онҳо дар пасманзари пандемияи COVID-19 сурат хоҳанд гирифт. Аксари хадамоти соҳаи тандурустӣ аллакай дар ҳудуди ниҳоии имконоти худ фаъолият менамоянд ва барои мубориза бо зуком захира надоранд. Гузашта аз ин, ин ду бемориро танҳо аз рӯи нишонаҳои онҳо фарқ кардан душвор аст ва барои ташхиси дақиқ таҳқиқоти озмоишгоҳӣ зарур аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ