Ҳолати собиқ Президенти Украина бадтар шудааст

«Ҳолати ӯ бадтар шудааст»,- мегӯяд Марина Порошенко, ҳамсари собиқ Президенти Украина оид ба вазъи кунунии шавҳараш.
Собиқ Президенти Украина Пётр Порошенко чанде қабл ба бемории коронавирус мубтало гардида, то ҳол дар беморхона бистарӣ мебошад. Тавре ҳамсари ӯ Марина Порошенко итилоъ дод, шавҳараш дар беморхона қарор дошта, вазъи саломатияш рӯз ба рӯз вазнинтар гардида истодааст.
Порошенко пневмонияи дуҷониба дошта, хунаш ғафс шудааст. Ҳатто табибон наметавонанд тасмиме нисбати назорати вазъи ӯ ва ё чигунагии бемориаш бигиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ