Ҳуқуқ ва манфиатҳои бонувоне, ки мехоҳанд бо парасторӣ ва хидматгорӣ машғул шаванд, бояд қонунӣ ҳимоя карда шаванд

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки рӯзи 8-уми октябри соли ҷорӣ таҳти сарварии сарвари давлат баргузор гардид, доир ба афзунсозии мавқеи бонувон ва ҷавонон дар ҷамъият, инчунин, таъмини шуғли онҳо фикр ва таклифҳои зиёд баён карда шуд.
Аммо, аз байни таклифҳое, ки дар ҷамъомад аз тарафи ҳокими вилояти Самарқнад Э.Турдимов баён карда шуд, ҷумлаи “Талаб ба хизматгорзанҳо меафзояд, зан ва духтаронро бояд ба ин касб омӯзем” аз контекст ҷудо карда гирифта шуда, боиси гапу суханҳои беасос мегардад ва нодуруст талқин карда мешавад.
Пеш аз ҳама бояд ошкоро гуфт, ки имрӯзҳо дар бозори меҳнат қувваи кории бетаҷриба бениҳоят зиёд аст. Ва пӯшида нест, ки ҳоло дар кишвари мо барои парасторӣ ва пешхизматӣ эҳтиёҷ калон аст. Аммо ҳоло ин корро баъзе ба ном “тадбиркорон” ба тиҷорат табдил дода, “хизматрасонӣ”-и дарёб намудани парастор ва хизматгорзанҳоро ба роҳ мондаанд. Аммо онҳо доир ба ҳифзи саломатӣ, муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии бонувоне, ки чунин хизматро мерасонанд, ягон маҷбуриятро ба ӯҳда намегиранд ва кафолат намедиҳанд.
Аз ҳамин сабаб, вақте ки дар бозори меҳнат ба парасторон ва хизматгорзанҳое, ки дар нигоҳубини кӯдакон ва корҳои рӯзгор ёрӣ мерасонанд, эҳтиёҷ ҳаст, қонуни намудани ин намуди фаъолият, яъне бо мақсади омӯхтани ҳуқуқҳои меҳнатӣ ба занҳое, ки барои машғул гардидан бо ин намудаи шуғл хоҳиш доранд, такмил додани малакаҳои онҳо дар корҳои хонагӣ, ташкили марказҳои махсус мувофиқи мақсад аст.
Бонувонеро, ки дар чунин марказҳо такмили маҳорат менамоянд, мувофиқи меъёрҳои қонунӣ дар асоси шартнома аз тарафи идора (ширкат)-ҳои махсус ба кор ҷалб намудан, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз тарафи давлат, ҳангоми ба синни нафақа расидан таъмини пенсияи онҳо ва дар ин самт созмони механизми муайян муҳим аст.
Бо ин роҳ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии зан духтарони хоҳишманде, ки дар кишварҳои хориҷӣ айнан бо ин намуди меҳнат машғуланд, дар назар дошта шудааст. Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳоло аксари бонувони мо дар Россия, Исроил, Туркия ва даҳҳо кишвари дигари хориҷӣ айнан бо ҳамин навъи хидматрасонӣ машғуланд, лекин аз рӯйи ҳифзи ҳуқуқ ва манфитаҳои қонунии онҳо ягон ҳуҷҷат ба расмият дароварда нашудааст. Ин ҳолат дар аксар мавридҳо барои зери по гардидани ҳуқуқҳои онҳо, паст задани қадру қимат ва дигар зӯровариҳо (зери тазйиқҳо мондан) сабаб мешавад. Ҳатто, ҳоло дар бораи миқдори идораҳое, ки бо ин навъи фаъолият машғуланд, ягон маълумоти расмӣ вуҷуд надорад.
Дар асоси механизме, ки мо таъкид намудем, зина ба зина кор ташкил карда шавад, ин барои ҳисоби аниқ дар бораи онҳое, ки бо ин навъи фаъолият машғуланд, замин пайдо менамояд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳоро таъмин месозад, дар ин самт назорати ҷамоатиро пойдор менамояд тавассути ба касб омӯхтани бонувон ва ҷавонон, барои машғул гардидан бо дигар навъҳои хизматрасонӣ шароит фароҳам карда мешавад.
Ғайр аз ин, агар занони мо, ки мехоҳанд ба ин навъи хидмат машғул шаванд, ҳуқуқҳои қонунии худро донанд ва истифодаи техникаҳои замонавиеро, ки имрӯз дар корҳои хонагӣ истифода мешаванд, омӯзанд, ин чӣ бадӣ дорад?
Дар баробари ин, ҳамаи мо медонем, ки дар баъзе меҳмонхонаҳо заноне, ки ба чунин кор машғуланд, бинобар надоштани таҷриба ва малака ба хатогӣ роҳ медиҳанд ва ҳуқуқҳои қонунии онҳо поймол карда мешаванд ва ин ҳолат бисёр мушоҳида мешавад.
Албатта, мо аппаву хоҳарони қадрдони худро барои парасторӣ ё хидматгорӣ намудан тарғиб карданӣ нестем, ё ки оммави намудани инро пешниҳод намекунем ва аз ин андеша фарсахҳо дур ҳастем. Тавре дар боло зикр намудем, ҳуқуқ ва манфиатҳои бонувоне, ки мехоҳанд ба ин намуди фаъолият машғул шаванд, бояд қонунӣ ҳимоя карда шаванд ва дар ин самт назорати ҷамоатӣ муқаррар карда шавад.
Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ