Самарқанд аз рӯи ҷамъоварии рӯзонаи пахта пешсафи вилоятҳо аст


Бо вуҷуди он, ки пахтакорони Самарқанд ҷамъоварии ҳосилро каме дер оғоз карданд, барои иҷрои саривақтии реҷаи 215 ҳазор тоннаӣ камари ҳиммат бастаанд.
Бино ба ҳолати 9 октябр, самарқандиён аз рӯи ҷамъоварии рӯзонаи пахта дар миёни вилоятҳои кишвар пешсафанд. Пахтакорони Самарқанд имрӯз 9194 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, яъне дар як рӯз 4,27 дарсади реҷаро иҷро карданд.
Аз оғози мавсими пахтачинӣ то ба имрӯз дар вилоят 86 ҳазору 405 тонна пахта ба хирмон супурда шуд, ки ин 40,1 дарсади реҷа мебошад.
Дар саросари Ӯзбекистон аз оғози мавсим беш аз 2 миллион тонна пахта ҷамъоварӣ шуд. То ҳол реҷаи давлатӣ 65 дарсад иҷро гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ