Шабонарӯзи гузашта дар мамлакатамон 328 ҳолати сироятёбӣ қайд гардид


Тибқи маълумот, санаи 9 -уми октябр дар миқёси мамлакатамон 328 ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз он 2 нафар бемор бар асари ин беморӣ вафот кард.
Муҳим ин, ки аз 9 ҳудуди кишварамон 354 нафар бемор сиҳат гашта баромад.
Ҳоло шумораи сироятёфтагон ба ҳисоби умумӣ 60 450 нафар расида, аз он 57 330 нафар шифо ёфта баромаданд, ки ин нишондод 95 фоизро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол, дар муассисаҳои тиббии кишварамон 2 622 нафар бемор зери назорати пизишкон қарор дошта, 328 нафар бемор вазнин ва 117 нафари он дар ҳолати вазнинтар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ