Дар вилоятҳои Ҷиззах ва Қашқадарё барф борид

Дар баландкӯҳҳои ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах ва ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё барф, чуноне мегӯянд, замину замонро сафед кард. Мисли ҳамеша боридани барфи аввал одамонро хушнуд сохт, зеро аз қадим мардуми мо барфи аввалро фоли нек мешуморанд…
Барфи аввал ҳамеша ғайриинтизор меояд ва одатан тавре, ки дар ҳаёти ҳар инсон гӯё бори нахуст меборида бошад. Новобаста ба синну сол ҳар кадоми мо аз ин муъҷизаи табиат шодӣ мекунем. Зеро вақте ба заррачаҳои зебо ва пурҷилои барф менигарӣ, туро ҳамеша як эҳсоси умед ба рӯзи нек фаро мегирад. Барфи аввал – рамзи накуиву равшанист. Равшанӣ бошад ба кас неру мебахшад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ