Ҷоизаи сулҳи Нобел ба кӣ насиб кард?

Кумитаи Нобел ҷоизаи сулҳи худ барои соли 2020 — ро ба Барномаи Ҷаҳонии Ғизо (WFP) вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид эҳдо кард.
Кумитаи Нобел далели ин интихобро талошҳои Барномаи Ҷаҳонии Ғизо барои мубориза бо гуруснагӣ дар манотиқи ҷангзадаву ҳамчунин кумак ба беҳбудии шароит ва барқарории сулҳ дар ин манотиқ эълом кард.
Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Владимир Путин раисҷумҳурии Русия, Герта Тонберг, фаъоли шведии муҳити зист ва Ҷосинда Орден, нахуствазири Ню –Зелланд аз дигар номздҳое буданд, шанси болое барои дарёфти ин ҷоиза доштанд.
Барномаи Ҷаҳонии Ғизо, ки соли 1963 эҷод шуда, солона дар 83 кишвар ва ба беш аз 86 миллион инсон дар саросари дунё кумакрасонӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ