Бонки ҷаҳонӣ: дар ҷаҳон шумораи одамони дар сатҳи камбизоатии шадид қарордошта метавонад 150 миллион нафар зиёд шавад

Шумораи одамоне, ки дар сатҳи камбизоатии шадид дар саросари ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, метавонад солҳои 2020 ва 2021 бар асари буҳрони иқтисодии вобаста ба пандемияи коронавирус 150 миллион зиёд шавад. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст.
«Интизор меравад, ки соли равон бори аввал дар тӯли беш аз 20 сол миқёси камбизоатии шадид дар ҷаҳон ба асари таъсири манфии пандемияи COVID-19, низоъҳо ва тағирёбии иқлим метавонад зиёд шавад. Имсол бар асари пандемия аз 88 то 115 миллион нафар метавонанд бори дигар ба камбизоатии шадид мувоҷеҳ шаванд ва бо дарназардошти афзоиши иловагӣ то 23-35 миллион нафар дар соли 2021 шумораи умумии онҳо дар ду сол метавонад аз 110 миллион то 150 миллион нафарро ташкил диҳад», — омадааст дар гузориш.
Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, соли равон камбизоатии шадид, ки дар ин ҳолат одамон дар як рӯз бо камтар аз 1,9 доллар зиндагӣ мекунанд, эҳтимолан аз 9,1 то 9,4 фоизи аҳолии ҷаҳонро фаро гирад. Агар пандемия намебуд, тавре ки интизор мерафт, сатҳи камбизоатии шадид соли равон то 7,9% коҳиш меёфт. Ҳоло он тадриҷан ба нишондиҳандаи соли 2017 — 9,2% бармегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ