Шумораи гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон аз 7 миллион нафар гузашт

Рӯзи 11-уми октябр шумораи гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон аз 7 миллион нафар гузашт. Дар як шабонарӯзи гузашта  дар ин кишвар рекорди нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд, ки мегӯяд,  беш аз 74 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст. Як мақоми анҷумани табибони Мумбай гуфт, ки афзоиши олудашавиҳо аз он ҷост, ки бисёр нафарони то ҳол беморнашуда фориғболона бидуни ниқоб мегарданду фикр мекунанд, ки ба онҳо беморшавӣ таҳдид намекунад.
Дар ИМА бо беш аз 58 ҳазор ҳодисаи нави олудашавӣ ба коронавирус рӯзи 10-уми октябр афзоиши нав мушоҳида шуд. Дар даҳ аёлат афзоиши рекордии якрӯзаи нав сабт шудааст. Дар Бразилия 559 ҳодисаи нави марг ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии ҳалокатҳо  аз 150 ҳазор ҳолат гузашт. Дар Фаронса ҳолатҳои олудашавии нав ба коронавирус рекорди навро зада 27 ҳазор нафарро ташкил дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ