Борбади замон даргузашт


Муҳаммадризо Шаҷариён, устоди мусиқии классики Эрон рӯзи 8 октябр бар асари бемории саратон даргузашт. Шаҷариён устоди бузурги мусиқии асили эронӣ буд, ки номаш дар саросари ҷаҳон машҳур аст ва садояш саҳнаҳои ҳунари Ғарбу Шарқро тасхир кардааст.
Муҳаммадризо Шаҷариён солҳои охир аз бемории саратон ранҷ мекашид, борҳо дар бемористон бистарӣ шуд. Ӯ рӯзҳои вопасинашро низ дар бемористон сипарӣ кард ва дар синни 80 чашм аз ҷаҳон пӯшид. Шаҷариёнро Тӯс, дар паҳлӯи мақбараи Абулқосим Фирдавсӣ ба хок супурданд. Онҳое, ки Шаҷариёнро намешиносанд, аз ин ҷо низ метавонанд бифаҳманд, ки бузургӣ ва маҳбубияти ин марди ҳунар чи андоза буд.
Муҳаммадризо Шаҷариён мусиқидон, хонандаи дастгоҳ (мақоми Эрон), хушнависи хатти настаълиқ, офаринандаи чандин сози мусиқӣ буд. Ӯ ҳамчунин, раиси шӯрои олии Хонаи мусиқии Эрон ва асосгузори гурӯҳи мусиқии “Шаҳноз” буд. Ӯ Қуръонро низ қироат мекард. Дуои “Раббано” дар тиловати ӯ хеле машҳур аст. Дуои “Раббано” то соли 2009 бо қироати ӯ ҳамеша дар моҳи Рамазон пеш аз ифтор дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш мешуд. Соли 2009 ба далели пуштибонии ӯ аз эътирозгарони сиёсӣ пахши ин дуо дар телевизион ва радиои Эрон манъ шуд.
Ҳунари волои Муҳаммадризо Шаҷариён дар арсаи байналмилалӣ низ қадршиносӣ шудааст. “Медали Мотсарт”-и Юнеско (соли 2006) ва Нишони “Барои хидматҳои шоиста”-и Фаронса аз ин ҷумла аст.
Дӯстдорони Шаҷариён ба ӯ номҳои “Устоди овози Эрон” ва “Хусрави овози Эрон” додаанд.
Фарзандони ӯ – Ҳумоюн Шаҷариён ва Мужгон Шаҷариён аз роҳи падар рафтанд ва хонанда шуданд. Махсусан, писараш Ҳумоюн Шаҷариён дар роҳи ҳунар хеле муваффақ аст ва дар Эрону берун аз он ҳаводорони зиёд дорад.
Эраҷ Бастомӣ, Музаффар Шафеъӣ, Ҳисомуддин Сироҷ, Ҳомидризо Нурбахш ва Алӣ Ҷаҳондор низ аз шогирдони шинохтаи Шаҷариён мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ