Лоиҳаи Ӯзбекистон ва Русия барои боло бурдани сатҳи омӯзиши забони русӣ


Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон, вазорати маорифи Русия ва Бунёди ҳунар, фан ва варзиши Алишер Усмонов лоиҳаи барномаи муштараки “Зӯр”-ро дар Ӯзбекистон амалӣ мекунанд. Мақсад аз ин лоиҳа боло бурдани сатҳу сифати омӯзиши забони русӣ ва омӯзиш бо забони русӣ мебошад.
Имрӯз, 11 октябр дар чорчӯби ташрифи намояндагони Русия ёддошти (меморандум) ин лоиҳаи муштарак ба имзо расид. Дар ин бора вазорати таълими халқи Ӯзбекистон хабар дод.
Бар асоси ин барнома, омӯзгорону услубшиносони Русия барои таҷрубаомӯзии омӯзгорони забони русии Ӯзбекистон ёрӣ медиҳанд.
Дар марҳилаи аввали барномаи “Зӯр” 32 нафар услубшиноси рус ба Ӯзбекистон омадаанд. Соли 2021 боз 100 нафар мутахассиси рус ба кишвар хоҳанд омад.
Дар чорчӯби барнома тақрибан 30 ҳазор нафар омӯзгори ӯзбекистонӣ коромӯзӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ