Натиҷаҳои интихоботи президентии Тоҷикистон эълон шуданд

Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябр доир гардид, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92% овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
«Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, тибқи натиҷаҳои пешакии ҳисоби овозҳо 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар ё худ 85,39% интихобкунандагон иштирок карданд», илова намуд Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ