Таркишҳои навбатӣ дар Кӯҳистони Қаробоғ


Имрӯз, 12 октябр дар шаҳри Степанакерт, пойтахти Кӯҳистони Қаробоғ чандин таркиш рух дод. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки таркишҳо дар канори рух додаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки кадом биноҳо таркидаанд.
Шаби гузашта шаҳри Степанакерт ором буд. ҳодисаи тирандозиву таркише рӯй надод. Бо вуҷуди ин, мардуми шаҳр то субҳ паноҳгоҳҳоро тарк накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Арманистон ва Озарбойҷон рӯзи 10 октябр дар Маскав дар бораи сулҳи муваққатӣ барои иваз кардани асирон ва ҷасади куштагон тавофуқ карда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ