Байден фаромӯш кард, ки номзад ба мақоми раисҷумҳурии ИМА аст


Ҷозеф Байден, ҳангоми суханронии худ дар иёлати Огайо фаромӯш кард, ки ӯ номзад ба мақоми раисҷумҳурии ИМА аст. Байден гуфт, ки номзад ба Сенат аст. Дар ин бора “МИР 24” хабар дод.
Ин бори аввал нест, ки номзади ҳизби демократҳои ИМА дар суханронии худ пеши мардум ба иштибоҳи хандаовар роҳ медиҳад. Ӯ боре гуфта буд, ки 180 сол дар Сенат кор кардааст. Ҳамчунин, бори дигаре таъкид карда буд, ки то ба охир расидани суханрониаш мумкин аст, ки шумори қурбониёни коронавирус дар ИМА беш аз 200 миллион нафар шавад. Эҳтимолан ӯ 200 ҳазор нафарро дар назар дошт.
Доналд Трамп ба Ҷозеф Байден пешниҳод кард, ки барои ташхиси нашъамандӣ тест супорад. Аммо, Байден пешниҳоди ӯро напазируфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ