Хуб гузаштани тирамоҳу зимистон

ба тайёрии пешакӣ вобаста аст

Ноҳияи Ургут дар мавзеи наздикӯҳӣ ҷойгир аст. Бинобар ҳамин, тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ масъулияти калонеро талаб мекунад. Таҷрибаҳои солҳои гузашта, яъне паст шудани фишори газ ва кам гаштани қувваи барқро ба назар гирифта, аъзоёни гурӯҳи корӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Дар ноҳия 103 маҳалла мавҷуд мебошад. Талаби аҳолии маҳаллаҳо ба ангишт 17736 тоннаро ташкил мекунад. Алҳол 20707 тонна ангишт гирифта шудааст ва онҳо дар навбати аввал ба маҳаллаҳои наздикӯҳӣ тақсим карда мешаванд.
Барои 16 пункти табобатии деҳот, 2 шифохона, 6 поликлиникаи оилавии қишлоқ, 1 поликлиникаи марказии бисёрсоҳавӣ ва 7 нуқтаи ёрии таъҷилӣ 1257 тонна ангишт пешбинӣ шудааст. Вале ҷамъи ангишту брикетҳои ангиштии захиракарда 1088 тоннаро ташкил мекунад.
Нақшаи таъминоти мактабҳои шӯъбаи таълими халқӣ бо ангиштсанг 5474 тонна бошад, ки то ҳол 3184 тонна ин намуди сӯзишворӣ захира карда шудааст.
Дар ноҳия 47 ташкилоти таълими томактабӣ мавҷуд аст. Бунёди боғчаҳои нав ва азнавсозии 4 ташкилоти томактабӣ давом доранд. Барои зимис­тонгузаронии онҳо ба ҷойи 598 тонна 476 тонна ангишт гирифта шудааст.
Барои бо қувваи барқ таъмин гардондани аҳолӣ соли ҷорӣ дар ноҳия 2000 симчӯби нав ва 36 подстансияи нав бояд шинонда шаванд. Инчунин, таъмири 88 зертакягоҳи барқӣ ва ивазнамоии 78,9 километр симҳо ба нақша гирифта шуд. Дар амал бошад, 1190 симчӯб ва 31 подстансияи нав гузошта шудаанд. Тамоми 88 зертакягоҳи барқӣ таъмир шуда бошанд, ки навсозии симҳои ҳавои 56,5 километрро ташкил мекунад.
Мувофиқи нақшаи соли равон 4860 хонадон, 88 тадбиркори тарзи якка ва умумӣ, 21 мактаб ва 5 шифохона бо гази табиӣ таъмин карда мешаванд. Дар ноҳия қубурҳои гази гуногунфишор 364,7 километр аст.
Аз рӯйи маълумоти 20-уми августи соли 2020 дар ноҳияи Ургут 76292 хонадон ба рӯйхат гирифта шуда бошанд, 85 фоизи онҳо бо баллонҳои гази маишӣ таъминанд. То ҳамин рӯзи соли ҷорӣ боз 360 адад баллонҳои газии нав ба аҳолӣ дода шудаанд. Аз аввали сол то ҳол ба мардуми ноҳия 4907540 тонна мукааб гази моеъ расонда додаанд. Боз тақсими 3904 адад баллонҳои газӣ то охири сол ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамаи 32 бинои истиқоматии бисёрошёнаи ноҳия бо гази табиӣ, қувваи барқ ва об таъмин карда шудаанд. Соли 2019 аз ҳисоби хазинаи ободонӣ ва афзунгардонии фаровонии вилоят барои таъмиру азнавсозии 18 бинои бисёрқабатаи ноҳия ва ҳудудҳои назди онҳо 3339,6 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд, ки ин ҳам барои хуб паси сар кардани тирамоҳу зимистони солҳои 2020–2021 мусоидат мекунанд.

Хизмати ахбори ҳокимияти ноҳияи Ургут

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ