Шукри Худо, ҳамааш гузашт — Президент


Роҳбари давлатамон дар маҳаллаи » Янги Тошканд» — и ноҳияи Оқолтини вилояти Сирдарё шуд.

Дар ин ҷо 130 — то коттеҷро таъмир ва шабакаҳои коммуникатсиониро барқарор карданд. Маркази нави маҳалла, дӯконҳои тиҷоратӣ ва хизмати маишӣ, китобхона, маҷмӯи варзишӣ ва роҳҳои дохилӣ сохта шуданд.

Президент Шавкат Мирзиёев корҳои бинокорӣ ва ободониро аз назар гузаронд.Бо аҳолӣ сӯҳбат кард.

  • Вақте ба ин ҷо омадам, вазъият хеле таассуфовар буд. Аз дил гузаронидам, ки ин ҷо хонаи ман, инҳо ҷигарҳоям, фарзандонам мебошанд.Пул ёфта, ин корҳоро кардан осон нашуд.Шукри Худо, ҳамааш гузашт.
    Ин хонаҳо ба шумо насиб кунанд.Акнун ин ободиро давом дода, зиндагии хуб гузаронед, тӯйҳо кунед. Аслан мақсади аз ҳама калони ман — хушбахт дидани ҷавонон аст, — гуфт роҳбари давлатамон.

Дар маҳалла корхонаи дӯзандагии » Либосҳои нафис» ташкил карданд.Дар он беш аз 50 нафар занҳо кор мекунанд.Президентамон бо онҳо сӯҳбат кард.

Эътиборро ба зану духтарон пурзӯртар мекунем.Агар занҳоро розӣ карда тавонем, ҷомеаи мо файзнок мешавад ва ҳамаи нақшаҳоямонро амалӣ карда метавонем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Корхона соли оянда пурра ба кор дарояд, соле 500 ҳазор дона маҳсулот истеҳсол мекунад. Ба нақша гирифта шудааст, ки як қисми онҳо ба содирот бароварда мешавад.

Роҳбари давлатамон ба шифохонаи оилавӣ даромада, бо ходимони он вохӯрд. Сухан дар бораи масъалаҳои пурзӯр кардани ҳамоҳангии тиббиёт ва варзиш, одат кардани одамон ба тарзи зисти солим ва дароз кардани умри одамон рафт.

Агар маданияти пиёда гаштан ва хӯрокхӯрии дурустро амалӣ карда тавонем, 30 — 40 фоиз масъалаи дар назди тиббиёт бударо ҳал мекунем, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар бораи васеъ кардани корҳои тарғиботӣ дар ин самт, таҳияи механизми рағбатонидан дастурамалҳо дода шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ