ДАР БРИТОНИЁИ КАБИР ДОНИШГОҲИ БА НОМИ МИРЗО УЛУҒБЕК ТАЪСИС МЕЁБАД

Бо иштироки намояндагони марказҳои илмию тадқиқотии Ӯзбекистон, асосгузор ва директори коллеҷҳои ба номи Ибни Сино ва Мотуридии Бритониёи Кабир шайх Отабек Шукуров веб-семинари онлайн баргузор шуд.
Коллеҷҳои ба номи Ибни Сино ва Мотуридӣ, ки соли 2017 дар Манчестер созмон дода шудааст, созмони ғайритиҷоратиест, ки дар соҳаи ҳуқуқшиносии исломӣ ва тибби анъанавӣ мутахассис тайёр мекунанд. Мутахассисони коллеҷ, ҳамчунин, дар самтҳои таърихи дин, омӯхтани дастнависҳои бостонӣ, таҳлили навиштаҷоти муқаддас, фиқҳ ва молияи ислом тадқиқот анҷом медиҳанд. Дар коллеҷи ба номи Ибни Сино лабораторияи Абӯрайҳон Берунӣ низ кору фаъолият дорад. Дар он мутахассисон дар асоси мероси илмии Ибни Сино рӯйи ба вуҷуд овардани доруҳои нав кор мебаранд.
Дар чорабиние, ки бо кӯмаки сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Бритониёи Кабир ташкил дода шудааст, роҳбарони марказҳои илмию тадқиқотии кашварамон, экспертҳои шинохта ва олимони диншинос ширкат ҷустанд.
Ҷонибҳо — намояндагони институт ва марказҳои илмию тадқиқотии Ӯзбекистон ва коллеҷҳои ба номи Ибни Синою Мотуридӣ доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ, омӯхтани мероси маънавӣ ва илмию динии Имом Мотуридӣ ва дигар алломаҳои бузурги Мовароуннаҳр, ки ба рушди илми калом саҳми назаррас гузоштаанд, ҳамчунин, татбиқи лоиҳаҳои илмию таълимии муштарак табодули афкор намуданд.
Мутахассисони ӯзбекистонӣ доир ба корҳое, ки дар мамлакатамон оиди амиқ омӯхтани мероси Имом Мотуридӣ, ҳамчунин, бобати васеъ тарғиб намудани он, ки аллома ба таҳкими эътиқод, ҳифз ва рушди арзишҳои милливу динӣ саҳми назаррас гузоштааст, тарбияи насли наврас дар рӯҳи ғояҳои созандаи умумиинсонӣ, ҳифзи писарону духтарон аз таъсири ғояҳои бегона маълумот доданд.
Директор ва асосгузори коллеҷҳои ба номи Ибни Сино ва Мотуридӣ дар Бритониёи Кабир, дар навбати худ, дар бораи кору фаъолияти муассисаи таълимие, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, ҳамчунин, доир ба нақшаҳои худ оиди дар пойгоҳи онҳо таъсис додани донишгоҳи нав дар Бритониёи Кабир, ки ба номи олим ва ситорашиниси бузурги ӯзбек Мирзо Улуғбек гузошта хоҳад шуд, маълумот дод. Дар таркиби муассисаи таълими олии нав ташкили факулта ва коллеҷҳои наве, ки ба омӯхтан ва дар сартосари олам густариш додани мероси илмӣ, динӣ ва маънавии олимон ва мутафаккирони асримиёнагии Осиёи Марказӣ, мисли Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Имом Мотуридӣ, Мирзо Улуғбек, Ал-Хоразмӣ ва дигарон ихтисосонида шудаанд, ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки Отабек Шукуров қайд намуд, донишгоҳ ба қабули донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ дар асоси гранту шартнома барои гирифтани дараҷаи бакалавр дар соҳаи илми илоҳиёт (теология) ва тибби анъанавӣ омода аст. Толибилмони муассисаҳои таълими касбии Ӯзбекистон низ метавонанд дар барномаҳои таълимӣ ширкат ҷӯянд. Ба ҷуз ин, олимону фақеҳони ӯзбеки англисидон низ метавонанд дар муассисаи таълими олии мазкур дарс диҳанд.
Олим ва лектори ояндадори муассисаҳои таълими олии кишварҳои Аврупо, ИМА, Канада, Туркия ва Марокаш Отабек Шукуров изҳор дошт, ки ба хондани лексия ба донишҷӯён ва ҳайати омӯзгории муассисаҳои таълими динии Ӯзбекистон омода аст.
Дар рафти кори семинар иштирокдорон ба созишнома доир ба рушди робитаҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла, гузаронидани тадқиқоти якҷоя оиди омӯхтани моҳияти гуманитарӣ ва аҳамияти маънавию маърифатидоштаи осори Имом Мотуридӣ, ба мақсади бо баёни содда расондани онҳо ба фаҳми аҳли ҷомеаи васеъ, ноил гардиданд. Ҳамчунин, ба ҳамкориҳои оянда доир ба ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ, омӯхтани дастхатҳои олимон ва мутафаккирони асримиёнагии Осиёи Марказӣ, ки дар китобхона, фондҳои бойгонӣ ва коллексияҳои шахсии Ӯзбекистон ва давлатҳои хориҷӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ишора шуд.

ОИ «Дунё»,
ЛОНДОН.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ