Дар Бухоро як автомобили “Матиз” таркид


Рӯзи 13 октябр дар кӯчаи Янгибозори маҳаллаи Чиғирчии ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро автомобили “Матиз” таркид.
Бино ба хабари идораи тафтишоти вазорати корҳои дохилӣ, ронандаи 53-сола автомобили худро соати 11.30 дар назди дорухона мегузорад ва худ барои харид ба дорухона медарояд. Дар ҳамин лаҳза баллони гази мошин метаркад.
Дар ин ҳодиса касе захмӣ нашудааст. Вале, худи “Матиз” ва 2 автомобиле, ки дар назди он буд, осебҳои гуногун дидааст.
Дар ҳоли ҳозир сабабҳои таркишро меомӯзанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ