Нархи ваксинаҳои зидди коронавирус чанд пул?


Чандин кишвари ҷаҳон имрӯз ба сохтани ваксинаҳои зидди коронавирус пардохтаанд. Бино ба хабари сайти vedomosti.ru, эҳтиёҷи аҳолии ҷаҳон ба ваксина тақрибан 3-5 миллиард доза аст.
Дар ҳоли ҳозир чандин ширкатҳои ҷаҳонӣ дар ваксинасозӣ бар зидди коронавирус ба натиҷаҳои муайяне расидаанд ва нархҳои эҳтимолии ваксинаҳо низ маълум аст.
Алексей Репик, раиси шӯрои мудирони ширкати “Р-Фарм” ҳанӯз дар моҳи август гуфта буд, ки нархи ваксинаи “Спутник V” барои 2 доза ҳадди ақал 10 доллар хоҳад буд.
Ширкати Мoderna-и амрикоӣ эълон кард, ки як дозаи ваксинаи худро ба нархи 25-30 доллар хоҳад фурӯхт.
Ширкати дигари ИМА – Pfizer ва ширкати олмонии BioNTtech нархи дозаи ваксинаи худро 19,5 доллар муайян кардаанд.
AstraZeneca – ширкати муштараки Британияи Кабир ва Шветсия мехоҳанд дозаи ваксинаи зидди коронавируси худро бо нархи 3-4 доллар фурӯшанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ