Дар 9 моҳ дар Ӯзбекистон 1293 нафар қурбони ҳодисаҳои роҳ шуданд


Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 4294 ҳодисаи роҳ рух дод.
Бино ба хабари идораи бехатарии ҳаракати роҳи вазорати корҳои дохилӣ, шумори садамаҳо дар муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта 510-то кам шуд.
Дар натиҷаи садамаҳо 1293 нафар кушта ва 3886 нафар захмӣ шуданд. Шумори қурбониёни ҳодисаҳои роҳ дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 105 нафар коҳиш ёфт.
17,8 дарсади садамаҳо дар натиҷаи аз ҷойҳои номумкин убур кардани пиёдаҳо рух додааст. Дар 15,5 дарсад ҳолат риоя накардан ба суръати зарурии ронандаҳо боиси садама шудааст. 6,3 дарсад садамаҳо бо айби дучархасаворон рӯй дода ва дар 6,2 дарсад садамаҳо ронандагонро дар сари фармони (рул) мошин хоб бурдааст. Дар 1,7 дарсад ҳолат ронандагони маст боиси садама шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ