Uzbekistan Airways ба Ҳиндустон парвози махсусро анҷом медиҳад


Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways рӯзи 27 октябр дар хатсайри Тошканд-Деҳлӣ-Тошканд парвози махсусро анҷом медиҳад. Дар ин бора маркази матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ хабар дод.
Ҳавопаймо соати 14.00 аз Тошканд парвоз мекунад ва соати 17.30 дар Деҳлӣ фурӯд меояд.
Соати 19.00 ҳавопаймо аз Деҳлӣ парвоз мекунад ва соати 21.30 дар Тошканд фурӯд меояд.
Билетҳо дар шӯъбаи Uzbekistan Airways sales ва офисҳои ширкат фурӯхта мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ