Дар як шабонарӯз дар ИМА беш аз 62 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуданд


Рӯзи 15 октябр дар ИМА беш аз 62 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Аз 31 июл то ба имрӯз чунин ҳолати зиёди шабонарӯзӣ дар ИМА мушоҳида нагардида буд.
Дар ҳоли ҳозир ИМА аз рӯи шумори мубталоён ва қурбониёни коронавирус аввалин кишвари ҷаҳон мебошад. Бино ба маълумоти охирин дар ИМА беш аз 7,9 миллион нафар мубталои вирус шуда ва беш аз 217 нафар бар асари он фавтидаанд.
Чанде пеш Доналд Трамп дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии Fox Business гуфта буд, ки дар сурати мавҷи такрории коронавирус маҳдудиятҳои қатъиро ҷорӣ нахоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ