Дар Кореяи Ҷанубӣ Маркази ӯзбекистониён фаъолияти худро оғоз мекунад


Рӯзи 31 октябр дар Кореяи Ҷанубӣ Маркази ӯзбекистониён ба сурати расмӣ фаъолияти худро оғоз мекунад. Рӯзи 15 октябр нахустин видеоконфронси фаъолони ин созмони иҷтимоӣ баргузор шуд. Дар ин бора Кун.уз хабар дод.
Фаъолони марказ дар ҷамъомади онлайн вазифаҳои асосӣ ва муаммоҳои муҳимме, ки марказ бояд дар давоми фаъолияти худ онҳоро ҳалл кунад, баррасӣ шуд. Ёрӣ расондан ба муҳоҷирони ӯзбекистонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва молиявӣ низ аз масъалаҳои муҳимми баррасишуда буд.
Мақсади асосии таъсиси марказ ҳимоя кардани манофеъи ӯзбекистониёне мебошад, ки дар Кореяи Ҷанубӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ёрии таъҷилӣ ҳангоми вазъияти фавқулодда, хидматрасониҳои тиббӣ ва ҳуқуқӣ низ аз мақсадҳои марказ аст.
Маросими ифтитоҳи марказ дар шаҳри Квандҷу баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ