Дар давраи пандемия муроҷиат ба суд кам шуд


Дирӯз дар хонаи матбуоти вилоят бо иштироки раисони судҳои вилоят оид ба корҳои ҷиноӣ, маъмурӣ, шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев анҷуманро ҳусни ифтитоҳ бахшида доир ба сиёсати адолатпарварона ва башардӯстонаи Президенти кишварамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳарф зад. Сипас, раиси суди вилоят оид ба корҳои ҷиноӣ Олим Ҳаитов доир ба фаъолияти 9 моҳи соли равон ахборот дод.

  • Дар муддати ҳисобот 2675 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ гардид, — гуфт Олим Бӯриевич. — Дар натиҷа нисбат ба 2146 нафар ҳукм эълон гардид. Бояд таъкид намуд, ки 25 нафар аз толори суд озод шуданд. Аз ҷониби суди вилоятӣ ва ноҳиявӣ 320 маротиба суди сайёр гузаронида шуд.
    Инчунин, ҷонишини раиси суди вилоят оид ба суди ҷиноятӣ Ӯткур Мамадалиев низ шунида шуд.
    Инчунин, раиси суди маъмурӣ Ботиралӣ Диёров ахборот дода, гуфт, ки дар муддати сипаришудаи соли равон 706 парвандаи маъмурӣ баррасӣ шуда, аз онҳо 350-то қаноатманд гардида, 268 парварда рад шудааст. Умуман тавассути суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нисбат ба 27 929 нафар корҳои маъмурӣ баррасӣ шуда, нисбат ба 15 976 нафар шахс ҷазои маъмурӣ муайян шудааст, ки аз онҳо 14 миллиарду 66 миллиону 600 ҳазор сӯм ба буҷаи давлат ситонида мешавад.
  • Имсол аз ҷониби суди шаҳрвандии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як ҳазору 691 кам аризаҳо баррасӣ карда шуд, — иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилоятӣ оиди корҳои шаҳрвандӣ Б.Норов. — Шояд сабаби асосии он пандемия бошад. Агар мо корҳои шаҳрвандиро таҳлил кунем, 162-то низои меҳнатӣ, 185-то низои оилавӣ, 1314-то низои замин ва ғайра мебошад. Аммо ҳамон парвандаи вайрон шудани ақди никоҳ бештар аст.
  • Дар тӯли се чоряки сол аз ҷониби суди иқтисодӣ 5 278 парварда дида шуд, — ахборот дод иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилоят оиди корҳои иқтисодӣ Орифҷон Нуралиев. — Дар аз шахсони қонуншикан натиҷа шаш миллиарду 667 миллион сӯм боҷи давлатӣ ситонида шуд.
    Маълум аст, ки ривоҷ додани тадбиркорӣ сиёсати муҳими иқтисодӣ мебошад. Бинобар ҳамин, дар давоми нӯҳ моҳ аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳиявӣ 1090 парварда муҳокима шуда, аз он 992 қаноатманд гардид.
    Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ