Шифокорони хаста аз пандемияи Фаронса барои эътироз ба кӯчаҳо баромаданд


Ҳазорон корманди тиббии Фаронса, ки аз шароити хастакунандаи корӣ дар даври пандемия, ба кӯчаҳо ба намоиш баромаданд. Дар ин бора МИР 24 хабар дод.
Шифокорон дар Париж дар назди минораи Эйфел роҳпаймоӣ карданд. Онҳо аз ҳукумат талаб мекунанд, то ходимони бештари тиббиро ба кор бигиранд, ки кори 12-соатӣ имконнопазир аст. Ҳамчунин, онҳо зиёд шудани музди худро тақозо мекунанд. Илова ба ин, шифокорон шикоят мекунанд, ки дар бемористонҳо барои мубталоёни коронавирус ҷой намерасад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар Фаронса беш аз 30 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ба далели паҳншавии коронавирус дар чандин минтақаи кишвар соати комендантӣ ҷорӣ кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ