Замини пурсахо дорад Самарқанд…

Бо муносибати Рӯзи шаҳри Самарқанд дар Боғи истироҳатии ба номи А. Навоӣ аз тарафи ҳокимияти вилоят ярмаркаи хоҷагии қишлоқи «Саховати табиат» ташкил карда шуд.
Дар ярмарка, маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқи ҳудудҳои вилоятамон коркарди маҳсулоти тайёр, инчунин, молҳои трикотажӣ, либосворӣ, пойафзолҳо бо тамғаи «Made in Uzbekistan» бо нархҳои арзон пешкаши аҳолӣ мегардад.
– Дирӯз аз шабакаҳои иҷтимоӣ хондам, ки имрӯз ярмарка кушода мешавад, – гуфт сокини шаҳри Самарқанд Мавлуда Орифова. – Ҳоло ҳамроҳи шавҳарам омадем ва ба он шоҳид гардидем, ки дар ин ярмарка нархҳои маҳсулот аз бозор арзонтар аст. Растаҳоро нозу неъматҳои гуногун оро медиҳанд, ки аз дидани онҳо чашм меболад. Вақте ки ин фаровонивро мебинед, дар дил эҳсоси шукр пайдо мешавад. Дубора ба макони муқаддас будани шаҳри азими Самарқанд ва хоки маҳину замини саховатманд доштани он боварӣ ҳосил мекунед.

Фирӯз АБДУМӮЪМИНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ