Ба киҳо ҷубронпулӣ медиҳанд?

Президенти мамлакатамон 13-уми октябри соли равон «Дар бораи чораҳои иловагии такмили сохтори ба тадбиркорӣ ҷалб кардани тадбиркорон ва ривоҷдиҳии тадбиркорӣ» қарор қабул кард. Дар он аз ҷумла ба ҷавонон ва занҳое, ки мехоҳанд машғули тадбиркорӣ шаванд, додани имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст.
Аз 15-уми ноябри соли 2020 ба ҳар як хатмкунандаи (ҷавонон ва занҳо) курсҳои таълимие, ки бар асоси барномаҳо ва талаботи муайянкарда ташкил гардидаанд, давлат 70 фоизи хароҷоти ба ташкилотҳои касбу ҳунар ва ташкилотҳои ғайридавлатии таълими тадбиркорӣ пардохта, вале ба ҳар як хатмкунанда ба миқдори на беш аз 1 миллион сӯм ҷуброниулӣ медиҳад;
Ба ҷавонон ва зану духтароне, ки курсҳои касбу ҳунар ва тадбиркории ташкилотҳои ғайридавлатии таълимиро бо муваффақият хатм карда, сертификати онро гирифтаанд, барои ташкил кардани бизнеси худ БТС «Микрокредит банк» бе таъминот ба миқдори то 33 миллион сӯм кредит медиҳад;
Ба шахсоне, ки микрофирма ва корхонаи хурд таъсис доданд, бар асоси кафолати шахси саввум, полиси суғурта, гарави молу мулке, аз ҳисоби кредит харида мешавад, кафолати Хазинаи давлатии дастгирии тадбиркорӣ ва дар асоси навъҳои дигари таъминоти дар ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ пешбинӣ шуда то ба миқдори 225 миллион сӯм микрокредит медиҳад;
Микрокредитҳо ба муддати то 3 сол бо даври имтиёзноки 6 моҳи аз рӯи ставкаи асосии Бонки Марказӣ дода мешаванд.
Аз 1-уми июли соли 2022 БСТ «Микрокредитбанк» дар доираи барномаҳои «Ҳар як оила – тадбиркор», «Ҷавонон – ояндаи мо» ва дигари ривоҷдиҳии тадбиркории оилавӣ аз ҳисоби захираҳои мақсадноки давлатӣ ба шахсоне, ки курсҳои таълимии дахлдори тадбиркориро хатм кардаанд, бар асоси барномаи ягонаи микрокредитӣ кредит медиҳад.
Дар давоми соли 2021 БСТ «Мик­рокредитбанк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумурият, инчунин ба воситаи васеъ ҷорӣ кардани технологияҳо рақамӣ шабакаҳои инфрасохтори бонкӣ, ки расондани хизматҳои микромолиявӣ фароҳам меоранд, ташкил карда мешаванд.
Аз 1-уми январи соли 2021:
20 фоизи маблағи боҷи давлатиеро, ки барои аз рӯихати давлатӣ гузарондани субъектҳои тадбиркорӣ гирифта мешавад, ба Палатаи савдову саноат равона мекунанд;
Қисми ба Палатаи савдову саноат равона кардан маблағҳое, ки аз фурӯши активҳои давлатӣ меоянд, аз 3 то 5 фоиз (аз ҳисоби кам кардани қисми ба идораи активҳои давлатӣ ва Хазинаи трансформатсия ва хусусигардонӣ равонашаванда) зиёд карда мешавад;
Дар Ҷумҳурияти Қароқалпоқис­тон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд офисҳои ваколатдори Оҷонсии ривоҷдиҳии тадбиркорӣ кушода мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ