Даргузашти Алӣ Бобоҷон шоири варзидаи кӯдакон


Алӣ Бобоҷон, шоири варзидаи кӯдакон ва яке аз муаллифони шеърҳои китобҳои кӯдакона дар Тоҷикистон чанде дақиқа пеш, дар синни 86-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони эшон ба «Asia-Plus» хабар доданд. Ба гуфтаи наздикону пайвандонаш ҳоло масъалаи маросими дафну ҷанозаи ӯ мушаххас мешавад.
Алӣ Бобоҷон 10-уми феврали соли 1936 шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияташро дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз намуда, дар чандин нашрияюву нашриёт идома додааст. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. 
Алӣ Бобоҷон муаллифи сори зиёде буд, вале шўҳрати ӯро дар адабиёти тоҷик ашъори кӯдакона таъмин кардааст.  ва шахсияти адабиаш ба хотири ашъори бачагона бештар зуҳур гардидааст.  Маҷмӯъаҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Гули бодом» (1966), «Парвози орзу» (1971), «Мавҷи сурур» (1973), «Некӣ ба некӣ» (1976), «Усто-парасту» (1978), «Нилуфар» (1980), «Осмондара» (1981), «Намаки зиндагӣ» (1986), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Базмия» (2000), «Шеъри истиқлол» (12001), «Сад барги Ҳисор» (2001), «Обаки зарин» (2003), «Пайғоми парасту» (2003), «Алифбои парандаҳо» (2004), «Меҳрпайванд» (2006), «Мусиқии баҳор» (2008), «Наврӯзи наврасон» (2012) аз шумули сори манзуми ин адиби шуҳратёри адабиёти кӯдак мебошанд. 
Ҳамчунин китобҳои «Домулло Азизов» (1970), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979), «Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғи Ӯялӣ» (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ; 1996), «Соҳибҳунар» (1998), «Писархонди алоқачиён» (1999), «Конибодом» (дар ду ҷилд), «Меҳрпайванд» (2006), «Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) аз осори насрии Алӣ Бобоҷонанд. 
Алӣ Бобоҷон ҳамчунин осори чанде аз шоирони озариву ветномиро ба тоҷикӣ тарҷума карда, намунаҳои ашъораш ба забонҳои русию укроинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ