Дар Самарқанд масъалаи амнияти ғизоии ҷаҳон баррасӣ шуд

Рӯзҳои 16-17-уми октябр дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд II Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Амнияти озуқаворӣ: омилҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Конфронси онлайн дар асоси барномаи ZOOM баргузор шуда, дар он профессорҳо ва намояндагони ташкилотҳои бонуфузи дар соҳаи кишоварзӣ фаъолиятдоштаи Чин, Русия, ИМА, Италия, Булғористон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Дар ин чорабинӣ инчунин 260 нафар коршиносон ва олимони зиёда аз 30 ташкилоти кишвар бо маърӯзаҳои худ оид ба масъалаҳои устувори соҳаи хӯрокворӣ ширкат варзиданд.
Дар конфронс олимон чораҳоеро, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ҳангоми пандемияи коронавирус андешида мешаванд, қайд карданд. Аз ҷумла, консепсияи амнияти озуқаворӣ дар Ӯзбекистон, стандартҳои миллӣ ва байналмилалии он: масъалаҳои устувори ғизо ва ҳозима, системаи кластер — заминаи инноватсионии амнияти озуқаворӣ, технологияҳои интенсивии омӯзиш, ҳифз, парвариш ва коркарди захираҳои табиии растаниҳои муфид рушд ва масъалаҳои дигари ба ин монанд муҳим имрӯз баррасӣ шуданд.

  • Дар рӯзҳои санҷишии имрӯза, тамоми ҷаҳон аҳамияти хӯрокро барои ҳаёти инсон дарк кард, — мегӯяд декани факултети агробиотехнология ва бехатарии хӯроквории Донишгоҳи давлатии Самарқанд Тошпулат Раҷабов. — Охир, дар давраи пандемия амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани таъминоти он масъалаи устувори рӯз аст. Бе пешрафтҳои илмӣ ва таҷрибаи бой, ҳалли ин масъала вуҷуд надорад. Дар конфронси байналмилалии имрӯза коршиносони ботаҷриба аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон дар бораи таҳқиқоти худ дар ин самт ва натиҷаҳои мусбати онҳо, дастовардҳо ва табодули таҷриба ибрози назар карданд. Конфронси мазкур дар ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилоти амнияти озуқаворӣ на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар кишварҳои ширкаткунанда нақши муҳим мебозад.
    Дар доираи ин чорабинӣ намоишгоҳ оид ба амнияти озуқаворӣ низ ташкил карда шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ