Муаллиме, ки карикатураҳои пайғамбари исломро ба донишомӯзон нишон дод, сараш аз тан ҷудо шуд


Бино ба хабари Евронюз, дар шаҳри Конфлан Сент Онорини Фаронса як омӯзгорро ба таври ваҳшатнок қатл карданд. Ин омӯзгор ду ҳафта пеш дар дарси худ ба донишомӯзон дар бораи аҳамияти озодбаёнӣ сухан гуфта ва карикатураҳои пайғамбари ислом – Муҳаммадро (с.а.в.) нишон додааст.
Ҷавоне, ки сари омӯзгорро мебурад, акси онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад ва ба раисҷумҳури “хатокор”-и Фаронса низ таҳдид мекунад. Бар асоси хабарҳои тасдиқнашуда, ҷавони 18-сола зодаи Чеченистон аст.
Ин ҷавон баъди ҳодиса кӯшиш мекунад, ки пинҳон шавад. Аммо, кормандони пулис ӯро пайдо ва ба таслим шудан даъват мекунанд. Ҷавон таслим намешавад, дар натиҷа кормандони пулис ӯро мепарронанд.
Кормандони пулис 4 нафарро, аз ҷумла, 1 нафар ноболиғро баъди ин ҳодиса боздошт карданд.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар бораи ин ҳодиса чунин гуфт, “Ин тасодуф нест. Ин террорист омӯзгорро кушт, чунки, мехост арзишҳои ҷумҳурӣ ва имкони озодона тарбия кардани фарзандонамонро нобуд кунад. Ин муборизаи мо аст, ва вуҷуди мо ба он вобаста мебошад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ