“Оқбӯйро гарден” – маркази нави сайёҳӣ дар ноҳияи Самарқанд


Азиз Абдуҳакимов, муовини сарвазири Ӯзбекистон ва Эркинҷон Турдимов, ҳокими вилоят дар маросими ифтитоҳи маркази сайёҳии “Оқбӯйро гарден” дар ноҳияи Самарқанд иштирок карданд.
Маскани сайёҳии экологии “Оқбӯйро гарден”, ки дар маҳаллаи Янгиариқи Оҳалик ҷойгир аст, барои истироҳат оромгоҳҳо, айвонҳо бо намуди миллӣ, ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи бозӣ барои бачаҳо дорад. Ҳамчунин, дар ҳавои озод барои меҳмонон барномаҳои консертӣ баргузор мешавад. Ҳар касе, ки ба ин маскан ташриф меоварад, аз манзараи зебои кӯҳ баҳраманд мешвад ва метавонад пиёда, ё аспсавору харсавор сайр кунад.
Барои меҳмонон имкони хидматрасониҳои сайёҳии экстремалӣ, сайр бо квадросикл, пароплан, делтаплан ва шари ҳавоӣ низ муҳайё аст. Арзиши умумии ин маркази сайёҳӣ беш аз 10 миллиард сӯм мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ