Боку: Ҳамлаи мушакӣ ба Ганҷа боиси марги 12 нафар гардид


Дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Арманистон ба шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон 12 нафар кушта ва беш аз 40 нафар захмӣ шудаанд. Дар ин бора “Интерфакс” ба нақл аз додстонии кулли (генпрокуратура) Озарбойҷон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар Ганҷа дуто мушак дар маҳалли истиқомати аҳолӣ таркидааст. Дар умум 20 бинои истиқоматӣ осеб дидааст, 5 бино комилан вайрон шудааст. Системаи мудофиаи ҳавоии Озарбойҷон 6 мушакро, ки ба сӯи шаҳри Мингечевири Озарбойҷон равона буд, доштааст.
Вазорати мудофиаи Арманистон ин хабари Бокуро рад кардаанд.
Шушан Степанян, котиби матбуотии вазорати мудофиаи Арманистон гуфт, “Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба Озарбойҷон ҳамлаеро анҷом надодааст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ