Ягона ва самарбахштарин дору бар зидди коронавирус дар айни ҳол


Тедрос Гебреисус, сармудири созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 16 октябр дар бораи беҳтарин доруи имрӯз бар зидди коронавирус ҳарф зад.
Ба гуфтаи Гебреисус, дар ҳоли ҳозир Дексаметазон ягона доруест, ки дар муолиҷаи шакли вазнини COVID-19 самарбахшии худро исбот мекунад.
Ӯ таъкид кард, ки мутахассисони СҶТ дар моҳҳои июн ва июл самарбахшии доруи гидроксихлорохин (плаквенил) ва доруи таркибии лопинавир ва ритонавирро омӯхтанд. Натиҷаҳо нишон дод, ки ҳар ду доруи харидоргири имрӯз дар пешгирии марг хеле камтаъсир ҳастанд.
Гебреисус афзуд, ки ремдесивир ва интерферон низ барои пешгирии марг бар асари коронавирус доруҳои камтаъсир мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ