Аз ҳисоби таъсиси ташкилотҳои таълими томактабӣ тақрибан 1700 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардид

Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ дар вилоят 77 ташкилоти таълими томактабӣ дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ ба кор сар кард.
Дар вилоят созишномаҳо аз рӯйи 142 лоиҳа ба маблағи 322,4 миллиард сӯм дар бораи ташкили ташкилотҳои таълимии томактабӣ дар заминаи шарикии давлатӣ-хусусӣ ба имзо расида, барои 108 лоиҳа ба маблағи умумии 164,1 миллиард сӯм кредитҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд.
То охири сол ба истифода додани боз 65 ташкилоти таълимии томактабӣ ба маблағи 145,3 миллиард сӯм дар назар аст.
Дар натиҷа, зиёда аз 12000 нафар кӯдакон дар ташкилотҳои таълими томактабӣ фаро гирифта мешаванд ва тақрибан 1700 ҷойҳои нави корӣ ташкил мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ