Дар 9 моҳи соли равон чанд нафар аз Ӯзбекистон аз Тоҷикистон боздид карданд?

Тӯли 9 моҳи соли равон қариб 355 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61% камтар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи ин маълумот, ҳудуди 60 ҳазор нафар хориҷиён давоми моҳҳои апрел-сентябр аз кишвари мо боздид кардаанд, ки он замон бо сабаби пандемияи коронаврус сарҳадҳо баста буданд.
Дар Агентии омор қайд мекунанд, ки мувофиқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, миёни онҳо 317 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳон арзёбӣ мешаванд. Шумори сайёҳони хориҷӣ дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ба андозаи 63% кам шудааст.
Дар ин давра 337 ҳазор нафар шаҳрвандон аз кишварҳои ИДМ ва 18 ҳазор нафар – аз кишварҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон омадаанд. Шумори аз ҳама бештари вуруд аз Ӯзбекистон (237 ҳазор нафар), Русия (47 ҳазор), Қирғизистон (41 ҳазор) ва Қазоқистон (7 ҳазор) сабт шудааст.
Байни давлатҳои хориҷи дур шумори бештари вуруд аз Афғонистон (4,5 ҳазор нафар), Чин (2,6 ҳазор нафар), Туркия (2,2 ҳазор нафар), Эрон 1,1 ҳазор нафар) ва ИМА (1 ҳазор нафар) ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, 710 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57% камтар мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ