580-солагии Алишер Навоӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад

Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 19-уми октябри соли 2020 таҳти рақами ҚП-4865 имзо гардид.
Муҷофиқи қарор:
Соли 2021 580-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад.
👉 Бо мақсади ба таври васеъ омӯхтан ва тарғиб кардани ҳаёт ва эҷодиёти Алишер Навоӣ дар миқёси мамлакат ва дар сатҳи ҷаҳонӣ Бунёди байналхалқии ҷамоатии ба номи Алишер Навоӣ таъсис дода мешавад;
👉 Барои мукофотонидани шаҳрвандони мамлакатамон ва кишварҳои хориҷӣ, инчунин, муассисаҳои илмӣ ва эҷодӣ, ки дар омӯзиши амиқ ва оммавӣ гардонидани мероси эҷодии Алишер Навоӣ саҳми назаррас ҳамроҳ намудаанд, ордени Алишер Навоӣ таъсис дода мешавад;
👉 Барои ба мамлакати мо овардани нусхаҳои факсимилавии дастхатҳои навиштаи Алишер Навоӣ ва дастнависҳои замони зиндагии шоир, ки дар кишварҳои хориҷӣ маҳфузанд, чораҳо андешида мешаванд;
👉 Мувофиқи талаботи фармоиши давлатӣ барои тадқиқотҳои илмӣ доир ба ҳаёт ва мероси эҷодии Алишер Навоӣ озмуни лоиҳаҳои илмӣ эълон карда мешавад;
👉 То охири соли 2021 дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон платформаи электронии асарҳои Алишер Навоӣ, инчунин, таҳқиқоти илмӣ, ки доир ба навоишиносӣ татбиқ шудаанд, созмон дода мешавад.
👉 Соли 2021 дар Тошканд Мактаби эҷодии Алишер Навоӣ ташкил карда мешавад;
👉 Дар даҳаи аввали моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Навоӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши мероси эҷодии Алишер Навоӣ дар тараққиёти маънавӣ ва маърифатии башарият» ташкил карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ