Фаронса: Дар бораи қатли омӯзгори таърих фатво дода буданд


Жералд Дерманен, вазири корҳои дохилии Фаронса: Падари як донишомӯзи мактаби шаҳри Конфлан-Сент-Онорин ва Абдулҳаким Сефривӣ, исломгарои радикалӣ дар бораи қатли Самуэл Пати “зоҳиран фатво додаанд”.
Ба гуфтаи Дерманин, 11 нафар ба гумони ҳамдастӣ дар куштани муаллими таърих боздошт шудаанд ва он ду нафар дар миёни онҳо ҳастанд. Касе, ки сари муаллимро бурид, эҳтимолан ҷавони 18-сола аз Чеченистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Самуэл Патиро баъди он, ки карикатураҳои пайғамбари ислом – Муҳаммадро (с.а.в.) ба донишомӯзон нишон дод, куштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ