Эрон фурӯши аслиҳаро оғоз хоҳад кард


Баъди поёни муҳлати маҳдудияти хариду фурӯши аслиҳа барои Эрон, ҷумҳурии исломӣ мехоҳад фурӯши аслиҳаро оғоз кунад. Дар ин бора Корреспондент.нет ба нақл аз Амир Ҳотамӣ, вазири мудофиаи Эрон хабар дод.
Ҳотамӣ гуфт, “Шубҳае нест, ки мо аслиҳаро нисбат импорт бештар экспорт хоҳем кард.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта чандин кишвар барои харидуфурӯши аслиҳа ба Теҳрон муроҷиат кардаанд ва дар ин бора музокираҳо баргузор шудааст.
Вазир афзуд, “Мо аслиҳаи босифат ва нисбат ба рақибони худ арзонтарро истеҳсол мекунем”.
Вай таъкид кард, ки Эрон аслиҳаҳои худро танҳо ба кишварҳое мефурӯшад, ки онҳоро барои ҳимояи худ қонунӣ истифода мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 октябри соли ҷорӣ маҳдудияти хариду фурӯши аслиҳа барои Эрон ба поён расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ