Ҳукумати Дубай ташрифи сайёҳонро ба аморат маҳдуд кард


Ҳукумати Дубай сайёҳонеро, ки бе билети бозгашт ба аморат парвоз мекунанд, қабул намекунад. Дар ин бора Travel Daily Меdia хабар дод.
Онҳое, ки бе билети дутарафа ба Дубай парвоз мекунанд, аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ дубора ба ватани худ бармегарданд.
Ин қоида тақрибан 300 нафар шаҳрванди хориҷиро дар фурӯдгоҳи Дубай саргардон кардааст. Онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон, Непал, Бангладеш, Покистон ва Афғонистон буданд. Дертар ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамаи онҳоро ба ватани худ баргардонааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ