Вилояти Намангон реҷаи пахтаро иҷро намуд


Имрӯз, 20 октябр вилояти Намангон реҷаи солонаи пахтаро барзиёд – 100,3 дарсад иҷро карданд. Дар саросари вилоят 201 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд. Пеш аз Намангон вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Хоразм низ реҷаро иҷро карда буданд.
Имсол дар вилоят дар 63 406 ҳектор замин навъҳои “Андиҷон-35-“, “С-6524”, “Султон”, “Намангон” ва чандин навъи нав киштанд.
Барои ҷамъоварии пахта дар вилоят беш аз 184 ҳазор нафар камари ҳиммат бастанд. Имсол 45 мошини пахтачинӣ дар ҷамъоварии ҳосил иштирок кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ