Ҳокими собиқи Бишкек баъди ҳабси 4 сол дубора ба вазифааш баргашт


Наримон Тулеев, ҳокими собиқи Бишкек, ки бо айби коррупсия 4 солро дар зиндон паси сар кард, дубора ба вазифаи худ баргашт. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Имрӯз, 20 октябр Азиз Суракматов бо истеъфои худ аз мақоми ҳокимии Бишкек озод шуд. Дар натиҷа, Наримон Тулеев, муовини аввали ӯ ба ин мақом таъин шуд. Аҷибаш ҳамин, ки Тулеев, субҳи имрӯз муовини аввали Суракматов шуда буд.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси қонун, ҳокими Бишкекро сӯи шӯрои намояндагони халқ интихоб мекунанд.
Тулеев солҳои 2008-2010 ҳокими пойтахти Қирғизистон буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ