Тадбирҳои идона бошукӯҳ таҷлил гардид

18-уми октябри соли ҷорӣ Рӯзи шаҳри Самарқанд ба таври мутантан ҷашн гирифта шуд. Тадбирҳои асосии ҷашнвора бо зиёрати мақбараи Амир Темур оғоз гардид.
Сипас, вакилони ҳокимияти вилоят ва шаҳр, корхона ва ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ҷамоатӣ дар пояи пайкараи Амир Темур гулчанбарҳо гузоштанд.
Дар доираи тадбирҳое, ки ба ин муносибат ташкил гардиданд, маросими ифтитоҳи маҷмӯаи савдои «Makon Mall», ки дар кӯчаи Мирзо Улуғбеки маркази шаҳр ҷойгир аст, баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки Маркази савдои собиқи «Баҳор» бо маблағи 7 миллион доллари амрикоӣ аз нав реконструксия карда шуд. Дар маҷмӯаи нав 200-то ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.
Инчунин, бинои нави Маркази хизматҳои давлатии шаҳри Самарқанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав дар асоси шарикии давлатӣ-­хусусӣ бунёд гардида, ба шаҳрвандон 148 навъи хизматҳои давлатӣ расонида мешавад. Сохтори навбати электронӣ дар 18 адад монитор инъикос меёбад.
– Дар ин бинои шаҳоматнок, ки бо дизайни замонавии меъморӣ таҷҳизонида шудааст, барои шаҳрвандон шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст, – гуфт иштироккунандаи тадбир, роҳбари Агентии хизматҳои давлатӣ Улуғбек Муҳаммадиев. – Ба бино даромада навбат гирифтани ҳар як муроҷиаткунанда, аз рӯйи навъи хизмат ба оинаи қабул рафтани онҳо, ариза пур кардан ва баҳодиҳӣ ба хизматрасонии кормандон ба шакли электронӣ сурат мегирад ва ин ҳолат аз тарафи агентӣ назорат карда мешавад. ғайр аз ин, дар толои интизорӣ ҷевони хурди китобҳо гузошта шудааст. Мизоҷон метавонанд аз он китобҳои нодири адабиёти ӯзбек ва ҷаҳонро дастрас намуда, мутолиа намоянд.
Ғайр аз ин, дар рафти чорабиниҳои рӯзи шаҳр маросими ба таври расмӣ кушодани кӯчаи Нарпай низ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки 5,5 километр масофаи кӯчаи мазкур аз тарафи корхонаи унитарии «Самарқанд йӯлларидан фойдаланиш» таъмир гардида, бино ва иншоотҳои қади роҳ намуди замонавӣ гирифтанд ва шабчароғҳо гузошта шуданд. Инчунин, кӯчаи Афросиёб, ки аз кӯчаҳои марказии шаҳр ба ҳисоб рафта, 1 километру 654 метр дарозӣ дорад, ба таври замонавӣ таъмир шуд. Барои корҳои таъмирсозӣ 9 миллиарду 600 миллион сӯм сарф карданд.
Дар доираи тадбирҳои идона барои бунёди маҷмӯаи савдои «Ko’ksaroy AVTO MALL»-и ноҳияи Самарқанд пойдевор гузошта шуд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар бораи аҳамият ва имкониятҳои маҷмӯаи мазкур, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад, ҳарф зад.
Маҷмӯа дар 4 гектар майдон бунёд гардида, аз 2200 дӯкони савдо иборат хоҳад шуд. Маҷмӯаи мазкур аз тарафи Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «Нурли келажак ишонч сервис» бунёд гардида, арзиши лоиҳа 100 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад.
Дар чоряки аввали соли 2022 ба истифода додани маҷмӯа пешбинӣ шудааст ва ташкили 10 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар аст.
Ҳамин рӯз дар Музейи давлатии таърихи маданияти Ӯзбекистони шаҳри Самарқанд намоишгоҳи сайёри «Гузаштаи Андиҷон – дар чорроҳаи тамаддунҳо» кори худро оғоз кард.
Дар намоишгоҳ, ки фаъолияти худро то 17-уми декабри соли ҷорӣ давом медиҳад, осору атиқаҳои ноёби Музейи давлатии таърих ва маданияти вилояти Андиҷон ба намоиш гузошта шудааст.
Тадбирҳое, ки ба муносибати Рӯзи шаҳри Самарқанд гузаронида шуданд, бо барномаи консертие, ки дар ҳавлии қасри санъати «Нурафшон»-и шаҳраки Кимёгарон доир гардид, давом ёфт. Дар он санъаткор ва ҳунарпешагони шинохтаи ҷумҳурӣ ва вилоят бо сурудҳои дилкаш дар васфи Ватан, Самарқанд, дӯст доштани диёр табъи иштирокдоронро болида сохтанд ва ба онҳо кайфияти идона бахшиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ