Таълим ва тарбияи миллӣ: андеша ва пешниҳодҳо

Таълиму тарбия дар ҳар давру замон масъалаи асосӣ ва ҳалкунандаи ҷамъияти инсонӣ ва рушду камоли ҳаёти одамӣ буд ва ҳаст. Аз қадим ҳар як шахси соҳиби илму маданият, олиму файласуф, шоиру нависанда, ҳатто подшоҳу ҳукуматдорон барои беҳбудии тарбия ва таълими насли наврас фикрҳои хешро дар асарҳояшон сабт кардаанд. Агар мо ба таърих назар кунем, мефаҳмем, ки дар оини зардуштӣ ҳам ба масъалаҳои илму маърифат ва одобу ахлоқ эътибор дода шудааст. Фикрҳои Зардушт дар хусуси он, ки «Тарбия – такягоҳи муҳимтарини ҳаёт» бояд ҳисоб ёбад, сазовори диққатанд.
Таълим ва тарбия
Дар дини зардуштиён тарбияи кўдак дар се равияи зерин ба амал бароварда шудааст:

  1. Тарбияи динӣ ва ахлоқӣ.
  2. Тарбия ҷисмонӣ.
  3. Омӯзондани хондану навиштан.
    Тарбияи кўдакон аз синни 7- солагӣ шурўъ шудааст. Ба кўдаке, ки 7-сола мешавад, «куртаи муқаддас» пўшонида, маросими махсус мегузарониданд. Кўдакон ҳамроҳи муаллимашон дар як қатор истода рў ба Офтоб ваъда медоданд, ки ба дини зардуштӣ содиқ мемонанд. Боварӣ доштани худро ба фикрҳои хуб, каломи нек ва иҷро кардани корҳои хайрро маълум мекарданд. Ин гуна машғулотҳо дар як рўз панҷ маротиба такрор мешуданд. Албатта, масъалаи таълиму тарбия доимо ислоҳотро мехоҳад, зеро он ба илм такя мекунад, илм бошад, доимо дар рушду нумўъ аст. Барҳақ, агар дар ҷамъият таълиму тарбия дуруст ба роҳ монда нашавад, ҷамъият аз тараққиёт бозмемонад. Барои ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон низ аҳли ҷомеа, чуноне мардуми мо «ба як фарзанд ҳафт маҳалла ҳам падару ҳам модар» мегӯянд, мутасаддӣ мебошанд.
    Маълум аст, ки фарзанд тарбияи аввалинро дар оила мегирад. Агар шароити оила мӯътадил, муносибати байни аъзои оила аз назари маънавӣ пойдор бошад, фарзанд соҳиби тарбияи хуб мегардад. Сипас, агар дар мактаб ба дас­ти омӯзгори сахтгиру фидокор афтад, шахси хуб шуда, ба воя мерасад. Агар таълиму тарбияи кӯдак, аз як тараф ба ҳаракат ва дараҷаи донишомӯзии худи ӯ вобаста бошад, аз тарафи дигар, ин вазифаи аҳли ҷомеа аст.
    Ман худ омӯзгорам ва зиёда аз чиҳил сол аст, ки бо таълиму тарбияи хонандагон сару кор дорам. Аз таҷриба бармеояд, ки агар фарзандон дар назди падару модар, дар оилаи солим тарбия гиранд, сифати дарсазхудкунии онҳо беҳтару хубтар мегардад ва тарбияи онҳо ҳам ба он мувофиқ мешавад. Вале таи солҳои охир баъзе падару модарон меҳнатро дар давлатҳои хориҷа маъқул дониста, аз оила ва тарбияи фарзандон дур монданд. Вақте ки онҳо баъди гузаш­ти солҳо соҳиби пулу мол шуда, бармегарданд, мефаҳманд, ки аз волотарин неъмат – тарбияи фарзандон дур шудаанд. Агар шумо камҳаракатию бефарқии баъзе хонандагонро ба дониш ҳис карда, бо онҳо сӯҳбат кунед, дарк мекунед, ки дурии падару модар ба онҳо чӣ қадар таъсири манфӣ расондааст.
    Рӯзе бо хонандае сӯҳбат карда, асбобҳои ӯро аз назар мегузаронидам. Вай аз даруни кисааш чанд коғази қатшударо бароварда, рӯи миз гузошт. Дар як коғаз «телефони бийиҷонам», дар коғази дигар ҳам айнан ҳамин рақами телефон навишта шуда буд. Ман пурсидам:
    – Модарат дар куҷо?
    – Дар Россия.
    – Бо шумоён тез – тез сӯҳбат мекунанд?– аз нав пурсидам.
    – Не, падарам инро намехоҳанд, он кас аз модарам рӯй гардониданд, – ҷавоб дод хонанда ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зада, гиря кард.
    – Рӯзе мерасад ва падарат хатояшро мефаҳмад, лек ту аз дарсхонӣ намон, нағз хон, то ки ҳама ба ту бо ҳавас нигоҳ кунанд. Ту аз ӯҳдаи ин мебароӣ ва модарат ҳам, падарат ҳам хурсанд мешаванд, – гуфтам.
    Сӯҳбатҳои алоҳида бо чунин хонандагон борҳо такрор мешуданд. Рӯзе дар утоқи кории худ будам, ки навбатдори мактаб саросема омада гуфт:
    – Муаллима, як ба тарафи синфҳои ибтидоӣ мерафтед, се-­чор нафар ба рухсат надодани ман нигоҳ накарда, ба мактаб даромаданд. Зуд сӯи бинои синфҳои ибтидоӣ рафтам. Дар толор марде хонандаеро бардошта ва се нафари дигар аз қафо меомаданд.
    – Муаллима, ёрӣ диҳед, – бо илтиҷо дод мезад хонанда.
    – Кӯдакро ба ҷои нишасташ баред, – гуфтам ба онҳо. Яке гуфт, ки дар идораи дахлдор кор мекунад. Ман гуфтам:
    – Ин ҷо идораи шумо не, ин ҷо мактаб, ба хонандагон мо масъул ҳастем.
    Ӯ фаҳмонд, ки модари ин кӯдакро аз хонааш рондаанд ва ҳоло омадаанд, ки кӯдакро ба модараш баргардонанд. Ман ба онҳо фаҳмонидам, ки ин гуна масъалаҳоро бо раис ва фаъолони маҳалла бояд ҳал кард, на ин ки дар мактаб. Ин ҷо маскани тарбия аст.
    Пас кӯдакро ба наздам даъват кардам ва чӣ воқеа рух доданашро пурсидам. Ӯ хонандаи синфи сеюм буд ва дар ҳаққи модараш суханҳои носазо гуфт. Ман ба ӯ фаҳмонидам, ки модар барои фарзанд сармояи бахту иқбол аст, модар муқаддас аст, дар ҳаққи модарат ин гуна суханҳоро нагӯй.
    – Не, шумо намедонед, – гиря кард. – Модарам сабукпоӣ кард. Ман гуфтам:
    – Агар падару модарат аз ҳам ҷудо шаванд, албатта, падарат боз зан мегирад. Пас ту бо модари ӯгай чӣ хел зиндагӣ мекунӣ?
    Ӯ фавран ҷавоб дод:
    – Оё, модарам шавҳар намекунад, муаллима? Бо падари ӯгай ҳоли ман чӣ мешавад? – гуфту аз нав ба гиря даромад. Ман аз доногии кӯдак дар ҳайрат мондам ва сари ӯро бо меҳр навозиш кардам. Ба хотирам гуфтаи файласуфе омад: «Мо дар кӯдакӣ ба фарзандонамон ҳама чизро ёд медиҳем, вале вақте бузург мешавем, аз онҳо меомӯзем». Ин кӯдак дар хурдсолӣ гӯё ҳаётро аллакай омӯхта буд. Ин охирин соати дарс буд. Овози занг баланд шуд. Ман кӯдакро бо он одамон фиристодам ва таъкид кардам, ки ӯро рост ба хонаи падараш бурда монанд ва рақами телефонашонро гирифтам.
    Мақсад аз овардани ин гуна мисолҳо нишон додани камбудиҳои аҳли ҷомеа набуда, балки вазифаҳои ба ӯҳда доштаи аъзои оиларо таъкид намудан ва масъулияти онҳоро дар тарбияи фарзандон ба хотир овардан аст. Имрӯзҳо мо гувоҳи он мешавем, ки падару модарон ба фарзандони худ телефонҳои қиматро харида медиҳанд, вале ягон бор онро ба даст гирифта, тафтиш намекунанд. Намедонанд, ки фарзандонашон дар телефон чи кор мекунад. Вақте ягон ҳодиса содир мешаваду падару модари онҳоро даъват мекунем, онҳо аз кирдори фарзандашон шарм карда, ба он бовариашон намеояд.
    Баъзан шоҳиди он мешавем, ки баъзе падару модарон аз таъриху насли худ ва арзишҳои динӣ, ба мисли савобу гуноҳ бехабаранд. Дар ин ҳол онҳоро гунаҳкор кардан нашояд.
    Шукр, ки дар солҳои истиқлоли мо аз нав ба он муқаддасоте, ки аз даст дода будем, расидем. Муносибат ба анъанаҳои миллӣ, ба мероси маънавии аҷдодонамон дигар шуд. Эҳтиром ба қадриятҳои гузашта як қисми муҳими сиёсати давлат дар боби таълиму тарбияи насли наврас гардид. Дар айни ҳол натиҷаҳои ислоҳоти ҳаёти маънавии ҷомеъа чандон намоён нестанд. Дар таълиму тарбияи мактабӣ, хусусан дар таълими фанҳои гуманитарӣ, пеш аз ҳама, забон ва адабиёти тоҷикӣ мо ҳанӯз норасоиҳои бисёрро мебинем.
    Чаро соатҳои дарсии фанни забон ва адабиёти тоҷик кам шуд?
    Барои дуруст таълиму тарбия гирифтани мактаббачагон роҳу омилҳои бисёр мавҷуданд. Ҳалли ин масъала бештар ба сифати китобҳои дарсӣ ва тарзи тартиб додани дастури таълимии мактабҳои миёна вобаста аст.
    Дар дастури таълимии мактабҳои миёна барои соли хониши 2020–2021, ки 25-уми феврали соли 2020 тасдиқ шудааст, ба омӯзиши забони давлатӣ се соат ҷудо кардаанд. Ин хеле хуб аст, албатта. Аммо барои таълими забон ва адабиёт миқдори соатҳо кам шудааст. Барои таълими забон ва адабиёти тоҷик дар синфҳои 7–9 се соат ва дар синфҳои 10–11 ду соат ҷудо кардаанд. Агар ин соатҳоро аз рӯи нақшаи таълимии синфҳои тоҷикӣ, аз синфи 1 то синфи 11, ҷамъ кунем, дар як ҳафта 47 соатро ташкил медиҳанд. Вале дар синфҳои таълимашон ба забони ӯзбекӣ миқдори соатҳо барои таълими забони модарӣ ва адабиёти ӯзбек аз синфи 1 то синфи 11 ҷамъ 64 соатро ташкил мекунанд. Чуноне мебинем, фарқ дар як ҳафта 17 соат аст. Агар мо ин фарқро дурусттар таҳқиқ намоем, пас дар як соли хониш (34 ҳафта) чунин натиҷаро мебинем: 17 х 34 = 587 соат.
    Таҷриба нишон медиҳад, ки хонанда маънавияти аслро аз омӯхтани фанҳои забони модарӣ ва адабиёти миллӣ ва аз хондани асарҳои бадеӣ мегирад. Ин фикр мантиқ дорад: то талаба ду илм – забони модарӣ ва адабиётро мукаммал наомӯзад, шавқу завқи вай ба мустақилона, бо ҳавас хондани адабиёти бадеӣ шакл намегирад. Он чӣ дар дастурҳои таълими ин фанҳо муайян карда шудааст, моро қаноат намесозад. Соатҳое, ки ба ин фанҳо ҷудо карда шудаанд, кам ва ночизанд. Пас, дар ҳолате, ки мо имрӯз дорем, кадом вақт ва чӣ тавр инсони комилу ба Ватан садоқатмандро тарбия мекунем?! Ин хеле афсӯсовар аст.
    Чанд роҳи ҳал
    Ба ин боис лозим донистам дар айёми имрӯзаи озодиву равшанфикрӣ таклифҳои худ­ро дар бораи рушду камоли таълиму тарбия, ки солҳо аз таҷрибаи худ ҳосил намудаам, ба диққати муаллимони забон ва адабиёти тоҷик ва дастурсозони ин фанҳо пешниҳод намоям. Умедворам, онҳое, ки маро мефаҳманд ва бо ман ҳамфикранд, мулоҳизаҳои худро дар ин бора иброз медоранд.
  4. Гарчӣ дар мактабҳо ҳамкорӣ бо ташкилотҳои гуногуни давлативу ҷамоатӣ ба роҳ монда шудааст, он камсамар аст. Агар дар маҳаллаҳо миқдори кормандони профилактикӣ бештар карда шаванд, маҳаллаҳо ҳамон қадар тинҷу осоишта мегарданд ва ҳамкорӣ бо мактабҳо меафзояд. Онҳо бояд ҳаёти сокинони маҳаллаҳоро аз наздик биомӯзанд. Он вақт дар мактабҳо ҳам сафи хонандагони душвортарбия ва аз оилаҳои муҳиташ носолим камтар мешаванд. Агар ин масъала асоси ҳуқуқӣ пайдо мекард, нуран ало нур мешуд.
  5. Дар дастури таълимии мактабҳои миёна соатҳои таълими омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои тоҷикиву русӣ ва дигар забонҳои миллиро бояд як хел, баробар тақсим кард ва миқдори соатҳо ба омӯзиши забони модарӣ ва адабиёти миллӣ зиёдтар ба нақша гирифта шавад.Зеро сухан дар бораи забони модарӣ меравад ва хонанда онро бояд ба таври мукаммал омӯзад.
  6. Дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти падару модаронро бояд зиёд кард.
  7. Барои дуруст ба роҳ мондани кори таълим китобҳои дарсӣ нақши асосӣ мебозанд. Солҳои охир мо дар таълифи китобҳои дарсӣ ҳам норасоиҳои зиёдеро мушоҳида мекунем. Китобҳои дарсӣ ва нақшаҳои тақвимӣ бояд ба ҳам мувофиқ бошанд ва пеш аз тавсия ба нашр бояд аз назари дақиқонаи омӯзгорони асилу таҷрибадор ва мутахассисон гузаранд.
  8. Солҳои охир мо шоҳиди бисёр садамаҳои роҳ шуда истодаем. Сабаб, ронандаҳо касби худ ва қоидаҳои ҳаракати роҳро ба таври кофӣ намедонанд. Дар нақшаи таълимӣ бошад, оид ба қоидаҳои ҳаракати роҳ ягон соате ҳам ҷудо карда нашудааст. Ба фикри ман, агар то синфи 9 хонандагони мактаб ҳафтае як соат фанни «Қоидаҳои ҳаракати роҳ»-ро омӯзанд ва дар синфҳои 10–11 касби ронандагиро ҳам (ба шарти маблағгузорӣ ба давлат аз ҳисоби тарбиягарон) омӯзанд, он вақт ҳар як хонанда ҳам соҳиби маълумоти миёна ва ҳам соҳиби касб мегардад. Дар натиҷа бехатарии роҳ ҳам таъмин карда мешавад. Дар ин кор ақаллан як соат дар нақшаи таълимӣ ба ихтиёри мактабҳо гузаронида шуданаш лозим аст.
    Барҳақ, дар ҷамъомаде, ки ба муносибатии Рӯзи муаллим ва мураббиён таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев гузашт, сарвари давлат ба тамоми омузгорон, мураббиён ва тарбиячиёни чумҳурй мурочиат карда, ба онҳо доир ба мартабаи касби омузгорй бо суханҳои нек муроҷиат карданд. «Ўзбекистони нав аз остонаи мактаб оғоз меёбад», – гўён фикрҳову дархостҳои эҷодкоронаи худро нисбати таълиму тарбияи ҷавонон иброз намуданд.Ин баромади Президент ба ҳамагон писанд омад ва ҳамаро ба муташаккилию ривоҷу равнақи сифати таълиму тарбия дар Ўзбекистон водор сохт.
    Дар хотима гуфтанӣ ҳастам, ки мақсади мо таълиму тарбияи инсони комил аст. Дар ин масъала мо, омӯзгорон, бо гузоришҳои Президентамон Шавкат Мирзиёев ҳамфикру ҳамраъй ҳастем. Мо ҳама барои Ватан ва беҳтару ободтар гардидани мамлакати худ меҳнат мекунем.
    Агар ин пешниҳодҳоба беҳ шудани сифати таълими забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик ва пешравии мактабу маориф хизмат кунанд, худро хеле хушбахт ҳис мекардам.

Фарида АҲМАДОВА,
омӯзгори тоифаи олии мактаби таълими
умумии рақами 16 – и ноҳияи Самарқанд, Аълочии маорифи халқ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ