Шавкат Мирзиёев бо намояндаи олирутбаи ИМА мулоқот кард


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 20 октябр дар Тошканд бо генерал Кеннет Маккензи, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА мулоқот кард.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳимми минтақаӣ ва робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо баррасӣ шуд. Тарафҳо ба мавзӯъҳои таҳдид ба амнияту барқарорӣ ва хатарҳои ҷаҳонӣ эътибори махсус доданд.
Илова бар ин, Мирзиёев ва Маккензӣ дар бораи пуштибонии ҷараёни сулҳи Афғонистон ва масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи низомӣ низ табодули афкор карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ