Ноҳияи Нуробод дар вилоят аввалин шуда нақшаи супурдани пахтаро иҷро кард

Пахтакорони Нуробод дар вилоят аввалин шуда, нақшаи шартномавии имсолаи супурдани пахтаро иҷро карданд.

Онҳо дар 632 гектар майдони замини 31 — то хоҷагии фермерии 4 — то парки муқобили мошинаву трактори ноҳия дар соли 2020 навъи серҳосилӣ » БУХОРО — 102″ — ро кишта, якҷо бо корхонаҳои кластерии ҶММ » Samarkand kamalak invest» ва » Kattagurgon clister» хирмани 1264,4 тоннагии ашёи хоми пахтаро бунёд карданд.

Бо мақсади ҷамъоварии саривақтӣ ва босифати ҳосили пахта 14 отряди чинакчиёнро ташкил карда, 1260 нафар шаҳрвандони муваққатан бекор ба ҷамъоварии пахта ҷалб гардиданд.

Ҳоло дар майдонҳои пахтаи хоҷагиҳои фермерии ноҳия ҷамъоварии пахта давом дорад

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ