Нархи SKODA KODIAQ, ки дар Ӯзбекистон муаррифӣ шудааст, эълон шуд…

Ба гуфтаи Ойбек Аюбов, директори генералии корхонаи автомобилсозии Ҷиззах, дар назар аст, ки дар ҳафтаҳои наздик боз ду маркази дилерӣ дар Тошканд ва Қӯқанд кушода мешавад.

«Kodiaq» бо назардошти иқлим ва шароити минтақа истеҳсол шуда бо муҳаррики турбокомплекси (2.0 Turbo) бо қувваи 180 асп ва моменти 320 Нм таъминшудааст.
“ Kodiaq” дар ду конфигуратсия дастрас аст:
Автомобиле, ки панҷ ҷойи нишаст дорад (7 ранг) — 347 миллион сӯм;
Автомобиле, ки ҳафт ҷойи нишаст дорад (2 ранг) — 399 миллион сӯм.
«Бо назардошти рақобати кунунӣ дар ин самт, мошинҳои мо бо имконоти иловагӣ аз мошинҳои шабеҳи Русия ва Қазоқистон гаронтар нестанд», — гуфт Ойбек Аюбов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ