Бахшида ба 565-умин солгарди мусаввири бузург Камолиддини Беҳзод анҷумани байналхалқӣ баргузор шуд

Ба қарибӣ, бино ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба беш аз пеш афзудани самараи кори соҳаи санъати тасвирӣ ва амалӣ», аз 21 апрели соли 2020, бахшида ба 565-умин солгарди мусаввири бузург Камолиддини Беҳзод дар пойтахти кишварамон таҳти мавзӯи «Эҷодиёти Камолиддини Беҳзод дар фарҳанги бадеии Шарқу Ғарб» анҷумани байналхалқӣ баргузор шуд.
Дар кори анҷумане, ки ба он қариб 150 баромаду маърӯза пешниҳод шудааст, дар баробари намояндагони илму ҳунари мамлакатамон, олимон ва мутахассисони кишварҳое, мисли Русия, Англия, Озарбойҷон, ИМА, Эрон, Афғонистон, Испания, Малайзия, Таиланд, Хитой, Ҷопон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ширкат ҷустанд.
То маросими кушоиши анҷуман дар Хонаи фотосуратҳои пойтахт бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон, роҳбарони вазорат, созмону идораҳо, мусаввирони собиқадор, аҳли эҷод ва намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ суҳбати мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар суҳбат раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Акмал Нуриддинов, сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Афғонистон дар Ӯзбекистон Аҳмад Ҳомиди Илмӣ, сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон Ҳамид Нойирободӣ, ҷонишини вазири фарҳанги Ӯзбекистон Камола Оқилова ва дигарон доир ба аҳамияти ин чарабинии фарҳангӣ сухан ба миён оварданд.
Дар доираи анҷуман дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд, Осорхонаи санъати минётураи ба номи Камолиддини Беҳзод, Қасри корвони фарҳанги байналхалқӣ ва толори марказии Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон таҳти номҳои «Эй мусаввир, сурате бар дилбарам монанд каш…», «Олами рангини дил» (намунаҳои наққошии Рассоми мардумии Ӯзбекистон Шомаҳмуд Муҳаммадҷонов), «Пайравони Камолиддини Беҳзод», «Камолиддини Беҳзод ва аҳди ӯ» дари намоишгоҳҳои ҳунарӣ боз гардиданд.
Намоиши наққошиҳои мусаввирон идома дорад.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ