Баскетболбозони Самарқанд чемпиони Ӯзбекистон шуданд

Дар шаҳри Самарқанд байни наврасони солҳои таваллудашон 2004-2005 оид ба баскетбол чемпионати Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Дар ин мусобиқа, ки 16-уми октябр оғоз ёфт, баскетболбозони ҳашт вилоят дар ду гурӯҳ қувва озмуданд. Дар зинаи финали мусобиқа ҷамоаи мунтахаби вилоятамон ҷамоаи миллии Тошкандро бо ҳисоби 103-56 мағлуб кард. Аз рӯи натиҷаи қувваозмоӣ барои ҷои сеюм ҷамоаи вилояти Намангон бар баскетболбозони вилояти Сирдарё ғалаба карданд.

  • Солҳои охир баскетболбозони самарқандӣ дар кишвар дар қатори сегонаи асосӣ ҷой мегиранд, — мегӯяд сардовари мусобиқаи баскетбол Дилшод Ҳошимов. — Дар бозии имрӯзаи ниҳоӣ варзишгарон маҳорати худро нишон дода, бар баскетболбозони Тошканд ғолиб омаданд. Азбаски дар вилояти Самарқанд пойгоҳ созмон ёфтааст, варзишгарони синну соли гуногун ба сатҳи касбӣ расидаанд. Азбаски иншооти варзишӣ барои баргузории бозиҳои ҷумҳуриявӣ ва осиёӣ мувофиқ аст, мо чемпионатро дар ин ҷо гузарондем.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ