Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Ӯзбекистон 27,5 млрд доллари амрикоиро ташкил дод. Ин кам аст ё зиёд?

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Ӯзбекистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳудуди 27,5 млрд долларро ташкил додааст, ки 3,7 млрд камтар аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, ҳаҷми содирот дар ин давра 12,4 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми воридот дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 16,5% кам шуда, ба 15 млрд доллар баробар шудааст.
Касри тавозуни савдо (афзалияти воридот нисбат ба содирот) дар ин давра дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2019 ба миқдори 63% коҳиш ёфта, 2,4 млрд долларро ташкил додааст.
Ҳукумати кишвар ин тамоилро поинравии нархҳои ҷаҳонӣ ба захираҳои энергетикӣ, инчунин сустшавии суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ, ки бар асари пандемияи коронавирус ба вуҷуд омад, маънидод мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ