Дар Самарқанд 58363 нафар худро бо кор таъмин карданд

Дар мамлакатамон аз 1-уми июли соли ҷорӣ тартиби соддакардашудаи худро бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ гардид. Дар натиҷа барои одамони зиёде, ки ба 67 намуди фаъолият машғуланд, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд.
То ҳол дар идораҳои андози вилоятӣ 58.363 нафар ба ҳайси шахсоне, ки худро бо кор таъмин намудаанд, расман ба қайд гирифта шуданд. Шаҳрвандон бевосита ба таври фосилавӣ тавассути иловаи мобилии “Soliq” чун шахси худро бо кор таъминнамуда аз рӯйхат мегузаранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи кишоварзӣ, яъне парвариши чорво, парвариши зироат ва кӯмак ба заминдорон беш аз ҳама ашхоси худро бо кор таъминнамуда аз рӯйхат гузашта, 15 771 нафарро ташкил мекунад.
14 366 нафар ҳамватанони мо ба хизматрасонии маишӣ — сартарошӣ, косметология, ҷомашӯӣ ва дарзмол дар хона, калидсозӣ, пойафзолдӯзӣ, таъмир, рангубор ва дигар корҳои ба ин монанд машғуланд.
Инчунин шаҳрвандони зиёде ҳастанд, ки дар соҳаи саноат (10378 нафар), истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ (5173 нафар), хидматрасонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ (12036 нафар), дар соҳаи технологияҳои ахборӣ-коммуникатсионӣ (тақрибан 639 нафар) кор мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ